Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд

Январь 10, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 18 озмоишгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда,  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Институти физикаю техника 1 озмоишгоҳ, дар Институти химия 4 озмоишгоҳ, дар Институти биологияи Помир 2 озмоишгоҳ, дар Институти забон ва адабиёт 1 озмоишгоҳ, дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология 2 озмоишгоҳ, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 1 озмоишгоҳ, дар Маркази омӯзиши пиряхҳо  2 озмоишгоҳ, дар Маркази илмии Хуҷанд 2 озмоишгоҳ ва дар  Маркази инноватсионии Тоҷикистону Чин 3 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.

Инчунин аз ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академия дар 9 пойгоҳи сейсмикии ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷҳизоти замонавӣ насб гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 10, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид