Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад

Январь 2, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад. Дар айни замон зиёда аз 1500 гурӯҳ бо забони русӣ ва беш аз 200 гурӯҳ бо забони англисӣ фаъолият доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат забонҳои  русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, испанӣ, узбекӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, кореягӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, урду ва пашту ба мутахассисон омӯзонида мешаванд.

Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ арзёбӣ гардида, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин масъала махсус таъкид гардид.

Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда шудааст.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм роҳбарияти муассисаҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои боз ҳам зиёд намудани гурӯҳҳои таҳсил бо забонҳои русӣ ва англисӣ, бахусус дар фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд