Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад

Январь 28, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, таъсири бориши жола ва ҳифзи соҳаи боғу токпарварӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташаббуси Раёсати Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Сохтмони стансияи зиддижола бо маблағгузории Бонки рушди Осиё амалӣ мегардад. Ин иншоот дар ҳифзи боғу токзор, бахусус дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ нақши муҳим мебозад. Стансия имконият дорад, ки майдонҳои васеи боғу токзорро дар масофаи беш аз 100 километр аз таъсири манфии бориши жола муҳофизат намояд. Он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир бунёд гардида, боғу токзори шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истаравшанро аз таъсири жола ҳифз менамояд.

Бо назардошти он ки ин ноҳияҳо минтақаҳои асосии боғу токпарварии мамлакат ба шумор мераванд, татбиқи роҳу усулҳои муосири ҳифзи ҳосил аз тадбирҳои муҳим ва судманд арзёбӣ мегардад. Пароканда намудани абрҳои хатарнок ва пешгирии бориши жола имкон фароҳам меорад, ки ҳосили деҳқонон аз талафёбӣ пешгирӣ карда шавад.

Бунёди чунин стансияи замонавии зиддижола дар водии Зарафшон низ дар назар дошта шудааст.

Корҳои сохтмониро дар ин иншоот мутахассисону масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-3» ба уҳда доранд. Онҳо кӯшиш доранд, ки сохтмон то оғози мавсими бориши имсола ба анҷом расонида шавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 28, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»