Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ (LLDC) Рабаб Фатима мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба аҳаммияти ҳамбастагӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни кишварҳои LLDC дар заминаи ислоҳот дар доираи «Ташаббуси СММ-80» бо таваҷҷуҳ ба татбиқи Барномаи амали Аваза табодули назар намуданд. Ҳамзамон зимни муҳокимаи нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ инчунин аҳаммияти афзояндаи масъалаҳои марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об низ таъкид гардид.
Дар анҷоми мулоқот Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид даъватномаи расмиро барои иштирок дар Конфронси 4-уми оби Душанбе (25-28 майи соли 2026) ба муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид супорид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






