Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд

Январь 13, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025  шаҳри беҳтарин дониста шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 12 январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳо муайян ва қадршиносӣ гардиданд.

Дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Деваштич, дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ сазовори ҷойи якум гардиданд. Инчунин дар номинатсияи «Деҳоти беҳтарин» ҷойи якум ба Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ва дар номинатсияи  «Шаҳраки беҳтарин» ҷойи якум ба шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дода шуд.

Гуфта шуд, ки сокинони вилояти Суғд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар татбиқи ҳадафҳои давлату ҳукумати мамлакат саҳми назаррас гузошта, дар ободонию созандагӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ фаъолона иштирок менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 13, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд