Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Зимни баргузории ҳамоиш иброз гардид, ки ташаккули низоми таълиму тарбия (таҳсил ва маориф), пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати он вобаста мебошад.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳар давру замон яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф мебошад. Дар шароити муосир вазифаи муаллим ба куллӣ тағйир меёбад. Зеро дар шароити имкони беканори дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоот омӯзгор бояд на танҳо дониши худро ба хонанда интиқол диҳад, балки тарзи истифода аз иттилоъро низ таълим диҳад. Чунки рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъияту давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконияти нави технологӣ ва дар маҷмуъ рушди иҷтимоӣ мустақиман ба сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи муҳассилин ва сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.
Гуфта шуд, ки омӯзгорон бояд методикаи нави таълим, назарияҳои муосири равоншиносии маърифатӣ, фаҳмишҳои умумифаннӣ ва технологияи омӯзишро бештар ба роҳ монанд.
Дар ҳамоиш дастовардҳои асосии соҳа, пешрафти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, инчунин мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






