Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар шаҳри Турсунзода дар заминаи бинои Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр бинои нави дуқабата, иборат аз маҷлисгоҳи муосир ва 5 утоқи корӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ сол ба сол афзуда, бобати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ барои табибон ва беҳбуди саломатии ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар гардидани фаъолияти кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд».
Бинои нав бо таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин буда, барои баргузории ҷаласаю машварат ва фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам меорад. Изҳори умед карда шуд, ки ин иқдом ба рушди инфрасохтори тандурустии шаҳр мусоидат менамояд.
Зимни ҳамоиш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи тандурустӣ, сохтмончиён ва фаъолон «Сипоснома» тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






