Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 38 миллион зангҳо ва 3 500 Тб трафики интернет – бо чунин натиҷа шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» шаби ид- Соли навро анҷом дод. Аз 31 декабр то 1 январ муштариёни ширкат нисбат ба соли 2024 29 фоиз бештар зангҳо анҷом доданд. Ҳаҷми таҳвили маълумот 34 фоиз зиёд шуд.
Дар Соли нав ҳар яки мо мехоҳем, ки ҳамроҳи наздикону пайвандон бошем. Аз ин рӯ, шаби ид, бешубҳа, барои шабакаҳои мобилӣ ба «вақти рекордӣ» табдил меёбад. Табрикот ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ирсол мегардад ва ҳар сухан бояд сари вақт ба шахси зарурӣ расонида шавад. Бо мақсади он ки муштариён нороҳатӣ эҳсос накунанд, муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешакӣ санҷиши ҳамаҷонибаи шабакаро дар саросари ҷумҳурӣ анҷом доданд, қобилияти гузариши пойгоҳҳои базавиро дар минтақаҳое, ки аз интернет зиёд истифода мебаранд, афзоиш доданд ва каналҳои захиравии алоқаро танзим намуданд. Дар рӯзи ид мутахассисон бо ҷидду ҷаҳди зиёд фаъолият намуданд, то муштариён тавонанд аз дилхоҳ хизматрасонии алоқа озодона истифода баранд.
Шаби Соли нав инчунин нишон дод, ки чӣ тавр одатҳои муошират тағйир меёбанд. SMS-ҳо ҷояшонро ба форматҳои рақамӣ медиҳанд: барои табрикот муштариён бештар аз зангҳои видеоӣ, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Зиёда аз нисфи трафики интернети идона ба Instagram, TikTok ва YouTube рост омадааст. VoLTE низ маъруфият пайдо мекунад: миқдори даъватҳои овозӣ, ки тавассути шабакаи 4G/LTE анҷом дода шудаанд, нисбат ба шаби гузаштаи Соли нав 60 фоиз афзудааст.
Эътимоднокии шабака – натиҷаи корҳои бузургест, ки оператор давоми сол анҷом додааст. Соли 2025 МегаФон Тоҷикистон зиёда аз 170 майдони нав бунёд карда, беш аз 450 пойгоҳи базавиро мавриди истифода қарор дод. Таваҷҷуҳи махсус ба неруи барқи захиравии объектҳои алоқа равона гардид. Даҳҳо генераторҳои дизелӣ ва садҳо аккумуляторҳо таъмир ё бо батареяҳои нав иваз карда шуданд. Ин имкон дод, ки шабака ҳатто дар сарбориҳои аз ҳад зиёд устуворона фаъолият намояд.
Давоми сол инфрасохтори таҳвилӣ – хатҳои алоқаи нурӣ-нахӣ, ки тавассути онҳо ҳаҷми зиёди трафик байни шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон таҳвил дода мешавад, ба таври назаррас нав гардид. Дар самтҳои калидӣ қобилияти гузариши шабака 10 маротиба зиёд карда шуд, ки ин ба суръат ва устувории интернети мобилӣ таъсири мусбат расонд. Дар Душанбе ҳалқаҳои шабакаи таҳвилӣ дар соли 2025 қариб 50 фоиз нав карда шуда, зарфияти онҳо 10 маротиба афзоиш ёфт.
Сифати баланди хизматрасониҳои операторро ширкати DMTEL, ки дар соли 2025 таҳқиқоти мустақили васеъмиқёси алоқаи мобилиро дар саросари ҷумҳурӣ анҷом дод, тасдиқ намуд. Коршиносони DMTEL кори шабакаҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишин ва роҳҳои мошингард бо масофаи умумии зиёда аз 3 300 километр таҳлил карданд. Дар асоси маҷмуи нишондиҳандаҳо МегаФон Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол кард — он ҳамчун оператори пешсаф аз рӯи фарогирӣ, ҳиссаи пайвастагиҳои муваффақонаи овозӣ ва суръати интернети мобилӣ эътироф карда шуд.
Идҳо зуд мегузаранд, аммо эҳсосот ва суханони гарму самимии табрикотӣ муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд. Инфрасохтори боэътимоди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо чунин тарз фаъолияташро идома медиҳад, то муштариён тавонанд ба якдигар – ҳам дар рӯзҳои ид ва ҳам дар рӯзҳои корӣ наздиктар бошанд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






