Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Раиси вилояти Хатлон зимни баргузории иҷлосияи 4-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум иброз намуд, ки «бо назардошти дастовардҳо ва натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли фарҳанги китобхонӣ пешниҳод менамоям, ки ин иқдоми муҳим дар солҳои 2026–2030 ба таври пайгирона идома ёфта, ба рушди маънавию фарҳангии ҷомеа мусоидат намояд».
Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳама зинаҳои таҳсил, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидани соли 2025 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон китобхонаҳои ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ таъмир ва навсозӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






