ДАРАХТ БИНШОН! Фонди хайриявии «Музаффар» беш аз 21 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мешинонад
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Фонди хайриявии «Музаффар» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то охири моҳи январ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 21 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонад. Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини ин фонд иттилоъ доданд, ба ин иқдоми нек беш аз 1500 волонтёр ҷалб гардидааст.
Ниҳолшинонӣ яке аз самтҳои фаъолияти экологӣ ва ҳифзи муҳитзистии Фонди хайриявии «Музаффар» буда, дар доираи лоиҳаи «Кабудизоркунӣ», ки яке аз лоиҳаҳои муҳими фонд аст, амалӣ карда мешавад.
Фонд аз солҳои авали таъсис, яъне аз соли 2015 то имрӯз ҳамасола маъракаҳои ниҳолшинонӣ доир намуда, то соли 2025 21 ҳазор бех ниҳол дар минтақаҳои гуногуни кишвар шинондааст. Имсол тасмим гирифтааст, ки боз 21 ҳазор дигар дарахт шинонад. Аз ин шумора 5 ҳазор дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе то ҳол шининда шуда, 6 ҳазор дар шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Гулистон ва Бустони вилояти Суғд, инчунин шинонидани 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ дар ноҳияи Данғара то охири моҳ ба нақша гирифта шудааст.
Фонд дар раванди ободониву созандагии кишвар, татбиқи барномаҳои давлатии марбут ба кабудизоркунии мамлакат саҳми босазо мегузорад. Масъулони Фонд ният доранд, ки то соли 2040 бо мақсади саҳм гузоштан дар раванди ба «мамлакати сабз» табдил додани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ як миллион ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонанд. Фонд дар амалӣ намудани лоиҳаҳои ҳаётан муҳим тавонист соҳибкорони муваффақи ватанӣ ва волонтёрони сершуморро барои иҷрои ин вазифаи шаҳрвандӣ муттаҳид созад.
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» татбиқ мешавад. Он бо мақсади ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим ва сабз намудани минтақаҳои камҷангалтарини мамлакат дар раванди тағйирёбии иқлим таҳия ва қабул гардидааст. То соли 2040 беш аз 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуда, Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз













Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд






