Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид

Январь 21, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеи худро дар раддабандии нави ФИФА, ки 19 январ дар сомонаи расмии ин созмон нашр шуд, беҳтар кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо нашри қаблӣ даста як зина боло рафта, ҳоло бо 1224.93 хол дар ҷойи 100-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар айни замон байни дастаҳои Осиё дар ҷойи 17-ум аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиро 31 март дар шаҳри Ҳисор анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаи мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.

Нашри раддабандии навбатии ФИФА 1 апрел ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 21, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд