Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Январь 8, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи рушди низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин академия.

Дар ҳамоиш ҷойгоҳ ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва такмили сиёсати ҳуқуқӣ, рушди низоми қонунгузорӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ муҳим  арзёбӣ гардид.

Ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Карамалишо Карамалишоев таъкид намуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар рушди низоми қонунгузорӣ ва таҳкими асосҳои давлатдории ҳуқуқбунёд нақши калидӣ дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи таърихии муосир буда, дар баробари ташаккул ва таҳаввули давлатдории навини тоҷикон барои эҳё, ҳифз ва рушди арзишҳои волои фарҳанги ҳуқуқии миллӣ хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Марҳилаи ибтидоии таҳияи аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз аз муҳтавои паёмҳои Президенти Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ маншаъ мегирад.

Иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти марбута супориш доданд, ки лоиҳаҳои Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ ва Қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шаванд. Ин далели равшани нақши ин санади муҳим дар рушди қонунгузории миллӣ мебошад.

Дар ҳамоиш маърузаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои рушди сиёсати ҳуқуқӣ ва такмили низоми қонунгузорӣ пешниҳод гардиданд.

Иштирокчиён зимни музокирот вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида андеша ва пешниҳодҳо баён намуда, ҳамоиши илмӣ-назариявиро судманд, саривақтӣ ва дорои аҳамияти баланди илмӣ-назариявӣ арзёбӣ карданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 8, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд