Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои ихтисосҳои нав ва рушди корҳои илмӣ иҷозатнома гирифт

Январь 28, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи 46 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт. Дар ин хусус 27 январ ректори донишгоҳ Илҳомиддин Иброҳимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои ректори донишгоҳ, натиҷаи кори раёсати донишгоҳ ба таҷдиди раванди таълим равона карда шудааст. «Васеъ намудани доираи барномаҳо, ки тамоми зинаҳои таҳсилро фаро мегирад- аз бакалавр то омӯзиши илмӣ ба донишгоҳ имкон медиҳад, ки барномаҳои навро тибқи талаботи бозори меҳнат пешниҳод намояд», -афзуд Илҳомуддин Иброҳимзода.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар донишгоҳ 299 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил дошта, барои ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳ бо муассисаҳои олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон барои шаҳрвандоне, ки забони русиро намедонанд, дар назди донишгоҳ маркази махсус фаъолият менамояд, ки шаҳрвандон забони русиро ба хубӣ омӯхта, ба донишгоҳ дохил мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки дар соли таҳсили 2025-2026 қабул ба соли аввал аз рӯйи 18 барномаи бакалаврӣ, се ихтисос, 18 барномаи магистрӣ, 7 барномаи аспирантура ва 2 барномаи PhD амалӣ карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд