ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати саудии «Аcwa Power» неругоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абузабӣ масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи энергетика, бахусус бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ва Президенти ширкати «Acwa Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи хати интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ «Роғун-Сайҳун» ва аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии «Суғд-500» зоҳир гардид. Ин лоиҳа барои таҳкими устувории низоми энергетикии мамлакат ва афзоиши иқтидори интиқоли барқ аҳамияти калидӣ дорад.
Ҷонибҳо барои идомаи музокирот, таҳияи ҷузъиёти техникию иқтисодии лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти рушди энергетикаи «сабз» изҳори омодагӣ намуданд. Мулоқот дар ҳошияи чорабинии Ҳафтаи рушди устувори Абузабӣ – 2026, ки то 15 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб идома меёбад, баргузор гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст






