Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад

Январь 2, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва стратегию барномавие маҳсуб мешавад, ки дар он ҳадафҳо ва самтҳои давлатдорӣ дар бахшу соҳаҳои муҳим таҳлилу арзёбӣ гашта, нақшаҳои минбаъдаи дурнамои рушди давлатдорӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Он ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ба беҳдошти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мақоми расмии конститутсионӣ ва ҳуқуқиро доро буда, мувофиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент бо Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баромад менамояд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳи миллӣ ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тақвияти фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад.

Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар пайвандӣ ба масъалаи мавриди назар чунин таъкид намуданд: «…Сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳрони ҷаҳони муосир мебошад».

Дар воқеъ, имрӯз терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккли фаромиллӣ бо оқибатҳои бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфта, аз он хавфу хатари замони муосир маҳсуб мешаванд, ки ба амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва дахлнопазирии ҳудуди мамлакат таҳдид менамоянд. Дар асл ба инсоният дар баробари дигар фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва эктремизм таҳдид доранд, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд. Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои боэътимод аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм, хусусан дар тобиши динӣ ва сиёсии худ имрӯз хусусияти фаромиллӣ касб намудааст. Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбори таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистию террористӣ, кушта шудани даҳҳою садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоот паҳн мегарданд.

Бо назардошти ҳолати ҷойдошта дар шароити кунунӣ масъалаи риояи қонунгузорӣ оид ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва мубориза ба омилҳои террористию экстремистӣ, таъмини қонуният дар соҳаи ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллӣ, гирифтани пеши роҳи омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву созмонҳои тундрав яке аз самтҳои афзалиятноки ҳуқуқии давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ эътироф карда шудааст.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкиливу ниҳодии мубориза бо экстремизму терроризм фароҳам оварда шуда, давоми се даҳсолаи охир дар ин самт як силсила қонуну стратегияҳо таҳия, қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Аз ҷумла, қабули якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм» аз 23 декабри соли 2021, «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» аз 2 январи соли 2020, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз 25 марти соли 2011, «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, «Дар бораи амният» аз 28 июни соли 2011, «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 15 марти соли 2023 ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон махсус қайд намуд.

Имрӯз зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар шахси бонангу номус ва ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза барад. Зеро мо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар чунин шароит давлат ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини некуаҳволии шаҳрвандон ноил мегардад.

Хотирнишон бояд сохт, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамеша дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар робита ба хавфу хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти милливу байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор менамоянд: «Терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки пеши роҳи дохилшавии ҷавонони кишварамон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ гирифта шавад».

Дар ҳамин замина ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки чанд тадбири пешгирии омилҳои гаравидани аҳолии мамлакатро ба созмонҳои экстремистиву террористӣ таъкид намоем:

-Яке аз омилҳои асосии пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар беҳдошти сифати таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии онҳо таҷассум меёбад:

— Боло бурдани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ;

— Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар;

— баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;

— мусоидат барои дар муҳити солим тарбия ёфтани ҷавонон ва аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам овардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва руҳии инкишофи онҳо;

— пешгирии истифодаи бемавриди шабакаи ҷаҳонии Интернет хамчун яке аз сарчашмаҳои асосии паҳнкунии идеяҳои ифротгароӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва дар робита ба ин масъала то ҳадди имкон пурзӯр намудани назорати истифодаи сомонаҳои алоҳида аз ҷониби сохторҳои масъули давлатӣ;

— пешгирии намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ;

— муҳайё кардани шароити дурусти маишӣ, инкишоф додани роҳҳои ҷалби наврасон ва ҷавонон ба варзиш ва гурӯҳҳои эҷодкорӣ;

— баланд бардоштани фарҳанги муҳоҷирони меҳнатӣ ва омода кардани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ,

— тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба Ватан, меҳнати ҳалол ва аз байн бурдани дилбастагии онҳо ба маблағҳои муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд;

— истифодаи босамари воситаҳои ахбори омма дар тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқолияти давлатӣ;

— талқину ҷалби бештари ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба китобхонӣ ва иштирок дар чорабиниҳои дорои хусусияти фарҳангию маърифатӣ;

— ба роҳ мондани таҳқиқоти арзишманди илмӣ оид ба сабабу омилҳои сар задани экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии онҳо.

Мо аминем, ки кормандони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии ҷамоату шаҳрак, ниҳодҳои ҳуқуқмуҳофизавӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар фарди баору номуси мамлакат бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда, дар устувории сулҳу салоҳ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба нафъи пешрафти Тоҷикистон хизматҳои арзандаву шоиста анҷом медиҳанд.

Тақдиршоҳ ШАРИПОВ,
профессори кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат
бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

Изатулло МАҲМУДОВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва
назорати прокурории Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон

 

 

Январь 2, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи геология оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд