Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд

Январь 16, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 январ дар шаҳри Мадриди Подшоҳии Испания нахустин Форуми ҷаҳонии парасторон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки фароҳам овардани шароит барои некӯаҳволӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои наврасон иқдоми наҷиб ба роҳ монда мешаванд.

Намунаи барҷастаи ин таваҷҷуҳ ин аст, ки соли 2024 Тоҷикистон дар ҷаҳон давлати 67-ум шуд, ки муҷозоти ҷисмонии кӯдаконро дар ҳама шароит манъ кардааст. Ҳоло Тоҷикистон ба таҳияи чаҳорчӯби миллии дастгирии волидайн ва нақшаи муфассали чорабиниҳо шуруъ кардааст. Ҳадафи асосӣ беҳтар кардани дастрасӣ ба таълим, табобат, истироҳат ва такмили маҳорати наврасон дар саросари ҷумҳурӣ тавассути ҳамгироии дастгирии волидон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби иштирокчиён ҳамчун намунаи пешрафта арзёбӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд