Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҷумҳурӣ то 10 январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Ба иттилои масъулини Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, яке аз сабабҳои пайдоиши туман намнокии баланди ҳаво аст. Вақте ки ҳаво миқдори зиёди буғи обро дар бар мегирад, дар доираи ҳодисаи конденсатсия он метавонад дар шакли туман ё қирав ҳангоми паст шудани ҳарорат ба амал ояд.
Ба иттилои масъулини Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, вақтҳои охир дар мамлакат фаромадани туман зиёд ба назар мерасад. Яке аз омилҳои зиёд гардидани туман намнокии баланди ҳаво мебошад. Инчунин инверсияи ҳароратӣ, норасоии шамол ва тағйирёбии ҳаво боиси пайдо шудани туман мегарданд.
Туман асосан аз қатраҳои хеле хурди об иборат мебошад. Мутахассисони обуҳавошинос иброз медоранд, ки туман қатраҳои хеле хурди об ё яхчаҳо (барф) дар газ аст, ки шаффофияти онро коҳиш медиҳад. Туман бештар дар фаслҳои баҳор ва зимистон мушоҳида мешавад. Туман бухорест, ки ҳаворо тира мекунад.
Омили ба амал омадани туман инверсияи ҳароратӣ мебошад. Ин ҳолате аст, ки дар он қабати ҳавои гарм дар зери қабати ҳавои хунук қарор мегирад. Дар чунин шароит ҷараёни болоравии ҳаво бо намнокӣ наметавонад қабати хунукро убур кунад ва ба боло барояд, ки ин боиси пайдоиши туман мегардад.
Норасоии шамол низ метавонад сабаби ба амал омадани туман гардад. Шамол метавонад туманро суръат бахшад ва онро бардорад. Дар ҳолати набудани шамол туман метавонад ҷамъ ва зичтар шавад.
Туман ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Ба таъкиди табибон, ҳаёти инсоният бо нафаскашӣ оғоз мегардад. Намнокӣ ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад. Хусусан пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо ва нафаскашӣ дар ин гуна ҳавои намнок азият мекашанд.
Ифлосшавии ҳаво ба дилу рагҳои инсон низ таъсири манфӣ мерасонад ва хатари бемориҳоро зиёд мекунад. Инчунин ифлосшавии ҳаво метавонад ба таваллуди бармаҳал, вазни кам ё нуқсони модарзоди тифл оварда расонад.
Табибон тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо махсусан одамони солхӯрда ва кӯдакону наврасон бояд худро эҳтиёт кунанд. Сайру гашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемории дилу рагҳо, фишор, астма ва бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои заруриро барои эҳтиёт бо худ гиранд. Дар ҳолати бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд.
Туман инчунин барои ҳаракати нақлиёт хатарнок мебошад. Зеро дар чунин рӯзҳо ронандагон масофаи аз худ каме дурро дида наметавонанд, ки ин боиси садамаи нақлиётӣ мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад






