НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»-ро таҳия намудааст, ки он моҳи феврал ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки барои таҳияи лоиҳаи ин қонун дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (16 декабри соли 2025) дастур дода шуд.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.
Президенти Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.
Тавре директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва таъриху фарҳангсозӣ бо суръат идома дорад, мероси таъриху бостонӣ ва фарҳангӣ ба рукни асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омили худшиносию худогоҳии ҳар миллат табдил ёфтааст.
«Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурат ба миён омадааст, ки олимони соҳаи таъриху бостоншиносӣ бояд таъриху тамаддуни тоҷикро амиқтар таҳлил ва пажӯҳиш намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки аз ҷониби мутахассисон ва пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ таҳқиқот ба анҷом расонида шуда, ба нашр ва паҳн намудани асарҳои илмӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат карда шавад. Дар воқеъ, новобаста аз он ки зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни соҳавии бостоншиносӣ мавҷуд нест», -афзуд директори агентӣ.
Дар ҳамин раванд дар қатори маблағгузорӣ аз буҷаи давлат ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ бобати муаррифӣ ва пажӯҳиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо ҷалби олимони ватанию хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони касбии миллӣ мувофиқи мақсад мебошад.
«Таҳияи барномаҳои соҳавӣ бо ҷалби дигар манбаъҳои буҷавӣ омили ҳифз, эҳё, муаррифӣ ва рушди соҳа гардида, ҳамчунин тараққиёти сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва табиӣ оғоз гардид. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз таввасути маблағҳои буҷавӣ дар мамлакат зиёда аз 120 ёдгории мероси бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё гардида, даҳҳо ёдгории мероси моддӣ тармим ва маҳфузмонӣ гардидаанд. Тавассути ин амали шоиста мушкилот мунтазам бартараф гардида, соҳа рӯ ба рушд ниҳод ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид»,-гуфт директори агентӣ.
Иброз гардид, ки имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор мераванд. Дар ин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст






