НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар 4 муассисаи таълимӣ нахустин маротиба шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд

Январь 28, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Данғара ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин хусус 28 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки бо мақсади ташаккул ва мутобиқ намудани шабакаи шуроҳои диссертатсионӣ ба талаботи муқарраршуда дар давраи ҳисоботӣ ба ҳайати 37 шуро тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Ҳамчунин дар ин давра 31 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 23 шуро зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, ҷалби олимони хориҷӣ ба ҳайси муқарризони расмӣ ва коршиносони холис барои баҳодиҳӣ ба диссертатсия ва нашри мутақобили мақолаҳои судманд бо мақомоти аттестатсионии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешид.

«Аз ҷумла, барои татбиқи раванди рақамикунонӣ дар Таснифоти ихтисосҳои илмии доктори фалсафа (PhD) ва Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ дар Тоҷикистон ихтисосҳои иқтисодиёти рақамӣ, иқтисодиёти «сабз», забоншиносии амалӣ ва рақамӣ ворид карда шуданд. Дар ин замина аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисодиёти «сабз» шурои дисссертатсионӣ таъсис дода шуд», – баён гардид зимни нишасти матбуотӣ.

Изҳор гардид, ки доир ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва пешгирии такроршавии мавзуъҳо махзани ягонаи Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шудааст. Дар айни замон ба ин махзани ягона 3531 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанӣ ворид карда шудааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид