НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз нахустин маротиба платформаи миллии синамоии «tojikfilm.tv» мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор дода мешавад. Дар ин платформа барои ҳаводорони синамои ватанӣ филмҳои дар давраи собиқ шуравӣ истеҳсолшуда, инчунин филмҳое, ки солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳия гардидаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён 30 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки филмсозон ва ширкатҳои истеҳсолкунанда метавонанд бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филмҳояшонро барои намоиш дар ин платформа пешниҳод намоянд.
Дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба нархгузории платформа ва ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои муосири рақамӣ ва талаботи тамошобинон директори «Тоҷикфилм» иброз гардид, ки дар мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин маблағ дӯстдорони синамои тоҷик метавонанд ҳамаи филмҳои миллиро тамошо намоянд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гуфт, ки ҳадафи асосии таъсиси платформа, пеш аз ҳама, на даромад, балки дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ мебошад. Дар ин замина иброз гардид, ки филмҳои классикӣ, муосир ва ҳуҷҷатие, ки дар солҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ наворбардорӣ шудаанд, барои тамошобинон ройгон пешниҳод мегарданд.
Таъкид шуд, ки таъсиси платформаи «tojikfilm.tv» ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои дар платформа ҷойгиршуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
Маҳмадсаид Шоҳиён изҳор дошт, ки платформаи миллии синамоии «tojikfilm.tv» бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд. Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






