Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамин, таъмину таҳкими сулҳу субот, амнияту оромӣ, ба ҳам овардани мардуми сарзамин дар замони истиқлоли давлатӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсию иҷҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои сулҳпарваронаю инсонпарварона дар заминаи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории озмун таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар заминаи корнамоиҳо ва ҳидоятҳои ватандӯстонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар озмун ҳама шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз синн ва касбу кор иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯи се номинатсия баргузор мегардад:
— Беҳтарин мақолаи илмӣ, таҳқиқотӣ, публитсистӣ, очеркҳои таърихӣ;
— Беҳтарин эҷоди назму наср (ҳикоя ва шеър);
— Беҳтарин суруд.
Озмун дар як давр дар ҳошияи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ моҳи июн дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд то 30 май ба масъули баргузории озмун — «Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд






