«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Душанбе таҳти унвони «Паём – роҳнамои занон дар ҷомеа» ҳамоиши кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш намоиши китобу маҷаллаҳо, дастурамалҳои соҳавӣ ва маводи иттилоотии марбут ба фаъолияти касбӣ ва иҷтимоии кормандзанони вазорат ташкил карда шуд.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки баргузории ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи равшани садоқат ва самимияти занони ин ниҳод, ифтихори баланди миллӣ ва хештаншиносӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, инчунин вафодорӣ ба Пешвои миллат ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста тақвият меёбад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён дар мавзуъҳои «Барномаҳои давлатӣ дар самтҳои мақоми зан дар ҷомеа», «Занон дар мақомоти корҳои дохилӣ — рамзи устуворӣ ва масъулият», «Паём — пайке аз шодмонӣ» ва «Истиқлоли кишвар ва мақоми зан дар ҷомеа — дар партави паёмҳои Пешвои миллат» маъруза намуданд.
Зимни ҳамоиш нақши калидии занон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тарбияи кадрҳои ҷавон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар фарҷом иштирокчиён аҳамияти чунин ҳамоишҳоро омили муҳими боло бурдани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва касбии занон, инчунин таҳкими ҳамбастагӣ ва таҷрибаомӯзии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






