САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз таҷлили оммавии ҷашни Сада дар Тоҷикистон ҳашт сол сипарӣ мегардад. Таҷлили ин ҷашни ниёгон ба ҳукми анъана даромада, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ин матлабро имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи ҷашни Сада ва намоиши зироати кишоварзӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода иброз намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни таҷлили ин ҷашн иттилоъ медиҳад.
Дар ифтитоҳи расмии ин ҷашн таъкид гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам бо кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ мебошад.
Иброз гардид, ки кишоварзон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои заруриро дастрас намуда, асбоби корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр ва ворид намудани нуриҳоро амалӣ менамоянд.
Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро барои мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ, ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.
Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастархони ҷашнӣ тибқи ойини аҷдодӣ бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонону сокинон гардонида шуданд.
Азбаски Сада ҷашни кишоварзон мебошад, иди касбии олимони соҳа низ ба шумор меравад. Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ид, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба кишоварзон тавсияномаҳо пешниҳод намуданд.
Дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн мебошанд, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гӯшаи имконоти сайёҳии мамлакат низ пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона гардонида шуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»
























































































Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






