САДА — ҶАШНИ МИЛЛИИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН. Оид ба он машварати илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Сада-ҷашни миллии бостонии тоҷикон» машварати илмӣ- назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.
Дар машварат олимони институт дар мавзуъҳои «Сада- ҷашни фарорасии зимистон», «Се рамзи фарҳангӣ ва фалсафии Наврӯз», «Ҷашни Сада- ёдгоре аз ниёгон ва ворид гардидани он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО», оид ба асосҳои илмии ҷашнҳои тақвимии миллии тоҷикон ва расму анъанаҳои таҷлили ин ҷашн маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Сада расман ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ин ҷашн ба пайдоиши оташ ва шоҳ Ҳушанг рабт дорад. Ниёгони мо дар асоси илми нуҷум дар чор мавсими сол чор ҷашни миллиро таҷлил мекарданд. Тибқи баъзе сарчашмаҳои бостоншиносӣ, ҷашни Сада дар даврони Сосониён низ таҷлил мегардид.
Таъкид шуд, ки ҷашни Сада яке аз муҳимтарин ҷашнҳои аҷдодии мо аст, ки аз замонҳои қадим сарчашма мегирад.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд






