САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад

Январь 22, 2026 09:42

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба андешаи олимони тоҷик, Сада ба мисли ҷашнҳои Меҳргон,  Наврӯз ва  Тиргон иди  кишоварзон мебошад. Он рамзи бедоршавии табиат, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва аз сардӣ раҳоӣ ёфтану ба гармӣ расидан аст. Шарҳи АМИТ “Ховар” дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.

Тавре Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода  иброз намуд, ҷашни Сада ба деҳқонон оғози кишту кори баҳориро мужда медиҳад.

«Дар ин шабу рӯз деҳқонон корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзор, обшӯйкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбуриву башаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, шиббакунии барф дар атрофи дарахтон ба хотири захираи намӣ, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зидди касалию ҳашарот ва ғайраро амалӣ менамоянд. Хулоса, аз рӯзи таҷлили ин ҷашн деҳқонон омодагиашонро ба баҳор шуруъ мекунанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ,  ин ҷашн  рамзи рафтани фасли дай ва муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагӣ ба киштукор мебошад. Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандану тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, кишт кардани замин, пошидани пору ба заминҳо ва тайёр намудани тухмӣ барои кишт машғул мешуданд.

Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад.

Аз замин, ки ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешавад. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр дар атрофи оташи муқаддас, ки яке аз анъанаи ҷашни  Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани ҷашни Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад. Деҳқонон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои заруриро дастрас намуда, асбоби корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр ва ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд.

Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро барои мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал, моҳӣ ва беҳтар намудани сифати ғизо, ҳолати зоогигиении ҷойи нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо аз касалиҳо фаъолият мекунанд.

Бо таҷлили Сада ниёгони ориёнажоди мо ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки онҳо омодаи корҳои нав, фаъолияти пурмаҳсул ва аввалин созмондиҳандагони зиндагию ҳаёти навин мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сада  ҳамчун мероси фарҳангии таърихӣ ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2026 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад