Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мулоқот намуд

Январь 29, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои байнипарлумонии ҷойдошта байни Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши робитаҳои гуногунҷанба, бахусус дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин баргузории ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро таъкид намуданд.

Тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

 

Январь 29, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд