Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21-22 январ дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Эрон ва Покистон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор дар ин ҷаласа ба рушди муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад.
Кишварҳои аъзо зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ, рушди низоми огоҳии барвақтӣ, баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва татбиқи чаҳорчӯбаи ҳамоҳангшударо барои муқобила бо хавфҳои рӯзафзуни офатҳои табиӣ, аз ҷумла офатҳои ба тағйирёбии иқлим вобаста таъкид намуданд.
Иштирокчиёни давлатҳои аъзо барои истифодаи технологияҳои муосир дар самти коҳиши хатари офатҳо, татбиқи чораҳои пешгирикунанда ва таҳкими иқтидори минтақавӣ тавассути Маркази миллии амалиётии ҳолатҳои фавқулода изҳори омодагӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Эъломияи Исломобод қабул карда шуд, ки дар асоси он давлатҳои аъзо уҳдадории худро барои коҳиши хатари офатҳо бо назардошти манфиатҳои аҳолӣ ва фарогирӣ тасдиқ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот






