Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиарду 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 23 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дода шуд.
Таъкид шуд, ки иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,3 фоиз, вилояти Хатлон 103,1 фоиз, вилояти Суғд 107,1 фоиз, шаҳри Душанбе 119,8 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 109,5 фоиз таъмин карда шуд.
Сарвари давлат доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти андозу гумрук барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд






