Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Молия ва дигаргунсозии рақамӣ» Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори конференсия намояндагони вазорату пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии молия, академияҳои молиявию илмӣ аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикон масъалаҳои рақамисозии системаҳои молиявӣ, нақши пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисоди муосир ва зарурати он, рушди бозори коғазҳои қиматнок, ҳолати кунунии бозори молиявии Тоҷикистон, мушкилот ва дурнамои рушди онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар он масъалаҳои баҳисобгирии маъмурӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ, ташаккули консепсияи умумии он, ташкили баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ, танзими андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт, самтҳои асосии рақамикунонии маъмурикунонии андоз, рушди институтсионалии инфрасохтори бозори коғазҳои қиматнок, навовариҳо дар молияи исломӣ ва нақши онҳо дар рушди бозори коғазҳои қиматнокро мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иброз гардид, ки молия ва дигаргунсозии рақамӣ ба раванди ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ мусоидат менамояд. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ, бо истифода аз бонкдории электронӣ, пардохтҳои онлайнӣ ва зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани хизматрасониҳо амалӣ мешавад. Ҳамчунин барои гузариш ба иқтисоди инноватсионӣ, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории конференсия байни Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия, Академияи молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистону Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки барои фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ тақозои замон буда, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки модели муосири рушди иқтисодӣ таҳияву татбиқ ёфта, сармояи байналмилалӣ ҷалб карда шавад, истеҳсолоти мавҷуда тағйир ва истеҳсолоти инноватсионӣ ба вуҷуд ояд. Ҳамзамон ба ин васила бозори дохилӣ таъмин ва содирот афзоиш меёбад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






