Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 539 километр роҳҳо мумфаршм, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 2588,6 километр ба маблағи умумии 341,4 миллион сомонӣ роҳҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ ва 156 пул ва қубурҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, «мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирӣ ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2025 роҳи автомобилгарди Данғара — Бохтар ба масофаи 68,8 километр мавриди истифода қарор гирифта, ба таҷдиду навсозии роҳҳои Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор санги асос гузошта шуд. Дар айни замон дар ин иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






