Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад

Январь 3, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, соли 2026 дар 15 ҳазору 635 гектар пиёз кишт карда мешавад, ки 9731 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи тирамоҳӣ ва аввали баҳор тухмиро моҳи август мекоранд. Кишти пиёзи аввали баҳориро охири феврал-аввали март мегузаронанд. Ин давраи кишт дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз дар намиҳои хок, ки аз тирамоҳ захира шудаанд ва дар намиҳои аввали баҳор хуб нашъунамо меёбанд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел кишт кардан ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар заминҳои дер киштшуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввалибаҳорӣ моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11% қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.

Дар вақти парвариши пиёз растаниҳо гулпоя медиҳанд, ки онҳоро баробари пайдо шуданашон канда партофтан зарур аст. Барои пиёзкорӣ заминҳои хокашон мулоими серпору ва аз алафҳои бегона тоза мувофиқ аст. Хоки сергили вазнин ва сералаф ба  кишти пиёз мусоид  нест. Дар чунин хок нешзадаҳо аз сафолак осеб дида, хеле тунук  мерӯянд.

Пиёз  ба нуриҳои  органикию  минералӣ  серталаб  аст, аммо  андохтани  поруи  нав  таъсири  манфӣ  дорад, зеро он пухта расидани пиёзро  кашол медиҳад, он аксар вақт касал шуда, нигоҳдориаш  бад  мегардад.  Инчунин  ҳангоми  андохтани  поруи  нав  дар  киштзор  алафҳои  бегона  зиёд  мешаванд, ки  барои  тоза  кардани  он  меҳнати  иловагӣ  зарур  мешавад. Аз ин рӯ,  поруи  навро  ба  зироати  пешинакишт  андохтан  зарур аст.  Ба  ҳар гектар  пеш  аз  шудгори  тирамоҳӣ  20-30  тонна  поруи  пӯсида  меандозанд.

Кишти пиёзро ду маротиба ягонаю хишова мекунанд. Ягонакунии якумро баъди себарга шудан мегузаронанд, ки фосилаи байни растаниҳо бояд 3-4 сантиметр монад.  Ягонакунии дуюмро баъди як моҳи дигар мегузаронанд ва фосилаи байни растаниҳоро 5-6 см мемонанд.

Пиёз зироати ба об серталаб мебошад, бинобар ин, бо сабаби кам шудани  намии хок ҳосили пиёз ҳам кам мешавад.  Миқдори  обмонии пиёз ба шароти иқлим (боду  ҳаво), сохтори хок ва талаботи худи растанӣ вобастагӣ дорад.  Вобаста  ба  шароити  мазкур ба кишти пиёз аз 10 то 12 маротиба об мондан зарур аст.

Пиёзи киштнамудаи барвақтӣ ва тирамоҳӣ дар аввали фасли баҳор барои ҷамъоварӣ омода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи оҳани Тоҷикистон барои содироти молу маҳсулот то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 ҳаққи хизмати обрасонӣ пурра тавассути низоми биллингӣ пардохт мегардад
Донишҷӯёни 56 филиали кафедраҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхонаҳои пешқадами соҳавӣ фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Исфандиёри Саъдулло: «Барои беҳтар намудани хизматрасонии алоқа 1850 истгоҳи базавӣ насб карда мешавад»
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 16 кишвари хориҷӣ парвозҳои ҳавоӣ ташкил карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад