СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид

Январь 6, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Соли 2026-Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 — ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Ин сол масъулияти на фақат аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, балки ҳар сокини мамлакатро дар татбиқи ҳадафҳои созанда дучанд мегардонад.

Таъкид шуд, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободкорию созандагӣ буда, маҳз бо меҳнати шабонарӯзӣ ва ташаббусҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ободу зебо шуда, сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.

«Ободонию созандагӣ мафҳумҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, рамзи пешрафт ва зиндагии шоистаи мардумро ифода менамоянд. Дар ин радиф корҳои ободу зебогардонӣ, сохтмони роҳҳо, боғҳои фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра ба беҳбуди шароити зиндагии мардум ва афзун гардонидани зебоии Ватан равона мегарданд», -изҳор намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.

Бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди ташкилоти ҳизбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Январь 6, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?