СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар деҳаи Пандовчии Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод толори варзишии муосир бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд.
Корҳои сохтмонии толори варзишӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо саҳмгузории сокинон, ҷавонон ва шахсони саховатпешаи деҳа идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии толори варзишӣ аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, иншоот дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода мешавад.
Ба истифода додани толори варзишӣ барои истиқоматкунандагони деҳаи Пандовчӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ҷумла, толор ба наврасону ҷавонон шароити машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими саломатиро муҳайё менамояд. Инчунин дар он баргузории машқҳои мунтазам, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои солимгардонӣ ва оммавӣ имконпазир мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






