ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад

Январь 27, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ то соли 2040 дар мамлакат беш аз 2 миллиард ниҳоли дарахтон шинонида, инчунин истифодаи гидрофторкарбонҳоро то соли 2029 то 70 фоиз коҳиш диҳад. Гидрофторкарбонҳо аз ҷумлаи газҳои пуриқтидори гулхонаӣ буда, асосан дар низомҳои сарднамоӣ ва кондитсионерӣ истифода мешаванд, зеро коҳиш додани онҳо ба талошҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

Ҳадаф-амалӣ намудани чорабиниҳо барои муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари Раёсати мониторинги сиёсати экологӣ ва обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Файзуллозода гуфт, «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 қабул гардидааст. Ҳадафи он амалӣ намудани чорабиниҳо барои муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар мамлакат аст. Татбиқи чораҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо афзалият ба соҳаҳои энергетика, обтаъминкунӣ ва кишоварзӣ аз ҳадафҳои асосии стратегия мебошад. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои иҷрои стратегия тадбирҳо андешанд. Нақшаи амалии Стратегия барои солҳои 2025-2027 низ тасдиқ гардид ва татбиқи он идома дорад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ин стратегия тибқи дастуру супоришҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла Конфронси Тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-22) дар шаҳри Париж ва ҷаласаи пленарии иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вокунишҳои илмии асосноки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва усулҳои мутобиқшавӣ ба ин пайомадҳоро дар доираи татбиқи бандҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва уҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон дар бар гирифта, ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои захираҳои об

Масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, таъсири он ба муҳити зист, иқтисодиёт ва некуаҳволии аҳолӣ беш аз пеш мушоҳида мегардад,-афзуд Хайрулло Файзуллозода. Тоҷикистон, ки иқлими кӯҳӣ ва захираҳои бойи табиӣ дорад, ба ин раванд бештар осебпазир буда, пешбурди чораҳои мутобиқшавӣ ва коҳиши хатари иқлимӣ барои мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад. Харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад. Даҳсолаи охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, 1000 адад кам гардид. Бо ташаббуси Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардида, Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Тоҷикистон саҳми молиявии аввалини худро ба ин фонд гузошт.

Тоҷикистон дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо ҳодисаҳои табиии обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ марбут ба об дучор мешавад. Ин аст, ки мамлакати мо ҳамасола аз ҳодисаҳои табиии марбут ба об, ки дар ҳолатҳои алоҳида боиси талафоти ҷонӣ мегарданд, зарари зиёди молию моддӣ мебинад.

Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии ихроҷи газҳои карбон

Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси 21-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим дар Париж 30 ноябри соли 2015 таъкид намуданд, ки гарчанде ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии ихроҷи газҳои карбон дар сатҳи глобалӣ кам бошад ҳам, аммо Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир аст.

Қабули барномаҳои давлатӣ дар раванди тағйирёбии иқлим

Дар асоси Стратегияи миллии рушд аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии рушди минбаъдаи «Мамнуъгоҳи табиии давлати «Дашти Ҷум» барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо дар раванди тағйирёбии иқлим муҳим аст. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии муҳити зист аз ифлосшавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки доираи васеи кормандони вазорату идораҳо ва аҳолӣ мунтазам ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» мегузаронад.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз рӯи ҳисоби индекси содагардонидаи осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ҷойи якумро ишғол карда, бинобар иқтидори мутобиқшавии паст доштанаш мамлакати хеле ҳассос арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо амиқтар шудани мушкилоти мавҷуда ва пайдоиши хавфҳои нав эҳтимол аст, ки тағйирёбии иқлим барои ноил шудани Тоҷикистон ба самтҳои афзалиятноки рушд монеа эҷод намояд.

Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншавандаи Тоҷикистон

Хавфҳое, ки бо тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ барои паст кардани ин хавфҳо ба аҳолӣ ва соҳаҳои калидии иқтисодиёт алоқаманданд, унсурҳои муҳими “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошанд. Ҳангоми ба имзо расонидани Созишномаи байналмилалӣ доир ба иқлим дар Конфронси Тарафҳои Конвенсияи Қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP21) дар Париж соли 2015 Тоҷикистон саҳми тахминӣ ва дар сатҳи миллӣ муайяншавандаро омода кард, ки равандҳои иқлимро арзёбӣ мекунад. Он ҳамчунин сенарияҳои гуногунро барои қабули тадбирҳои минбаъда ҷиҳати коҳиши ихроҷи газҳои гулхонавӣ тартиб медиҳад.

Уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон тибқи ин стратегия

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро доир ба Рӯзномаи маҷлис барои асри 21 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор вобаста ба мубориза бо

тағйирёбии иқлим, ки аз тарафи иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2015 ба тасвиб расидааст, ба назар гирифтааст. Таваҷҷуҳи асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор консепсияи рушди устувори инсон аст. Дар ин замина пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолӣ ва истеҳсолӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шароити ҳаётан муҳими рушди устувори инсон мебошанд.

Соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии стратегия

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба сифати афзалият соҳаҳои энергетика, захираҳои об, нақлиёт ва кишоварзиро фаро мегирад, ки ҳам ба тағйирёбии иқлим осебпазир ва барои рушд афзалиятнок мебошанд. Инчунин ба он ҳафт бахши байнисоҳавӣ- тандурустӣ, маориф, гендер, ҷавонон, муҳоҷират, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода дохил карда шуд.

Рушди устувори иқтисодӣ — самти афзалиятнок

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим метавонад дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат кунад. Он ба дастгирии рушди иқтисодӣ ва суръатбахши модернизатсияи соҳаҳои иқтисодиёт, диверсификатсия ва таҳкими бозори глобалӣ, инчунин баландшавии рақобатнокии иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби беҳтар кардани мутобиқшавӣ ва самаранокии неруи барқ дар мамлакат равона шудааст. Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имконият медиҳад, ки барои банақшагирии рушди устувори мамлакат дар маҷмуъ, аз ҷумла иқтисодиёти он муносибати нисбатан маҷмуӣ ва динамикӣ қабул намояд ва дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат доир ба тағйирот ва тағйирёбандагии иқлим ба инобат гирифта шавад.

Нақши стратегия дар таблиғи мавқеи байналмилалии Тоҷикистон

Дар сатҳи байналмилалӣ Стратегия барои Тоҷикистон воситаи асосӣ дар пешбарӣ ва таблиғи мавқеи худ дар гуфтушунидҳо дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид ба тағйирёбии иқлим маҳсуб шуда, оид ба иҷрои уҳдадориҳои дар чаҳорчӯбаи ин Конвенсия қабулшуда ва банақшагирии минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим гузориш медиҳад.

Тағйирёбии иқлим боиси мушкилоти калон барои Тоҷикистон мегардад, зеро мамлакат хеле ба ин осебпазир буда, дорои иқтидори нисбатан пасти мутобиқшавӣ мебошад. Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро яке аз кишварҳои хеле осебпазир ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Дар байни 180 кишвари бо индекси мутобиқшавии глобалӣ аз ҷониби Донишгоҳи Нотр–Дам арзёбишуда Тоҷикистон ҷои 111-умро ишғол мекунад. Тоҷикистон дар байни давлатҳои хеле осебпазир ҷойи 78-ум ва байни кишварҳои омодагиашон паст ҷойи 52-юмро ишғол мекунад. Дар муқоиса бо кишварҳои дигар индекси вазъи ҷории осебпазириаш идорашаванда мебошад. Аммо нишондиҳандаи мутобиқшавиро беҳтар намудан зарур аст, агар он бо мақсади беҳтар мутобиқ шудан ба тағйироти ояндаи иқлим ва мушкилоти марбут ба иқлим татбиқ карда шавад

Мавқеи Тоҷикистон дар индекси хавфҳои дарозмуддати иқлимӣ

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар индекси хавфҳои дарозмуддати иқлимӣ Тоҷикистон ҷойи 29-умро ишғол мекунад. Дар ин росто иқдоме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии омилҳои тағйирёбии иқлим андешида мешаванд, бозгӯи онанд, ки мо бояд нисбат ба паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим, хусусан ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муносибати ҷиддӣ намоем.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
Дар Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин мағоза бо бренди «Тоҷикзамин» ифтитоҳ гардид
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст