Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Каримзода дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо вазъи кунунии рушди ҷиу-ҷитсу, таҷрибаи пешқадами мактабҳо ва академияҳои машҳури ҷаҳонӣ оид ба ин намуди варзиш шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.
Манучеҳр Каримзода бо фаъолияти якчанд академияи маъруфи ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Ню-Йорк, аз ҷумла дар минтақаи Манҳеттен ҷойгир мебошанд, ба монанди академияҳои машҳури Марсело Гарсия ва Рено Грейси, ки яке аз марказҳои бонуфузи рушди ҷиу-ҷитсу дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, шинос гардид.
Ҳамзамон бо мураббиёни номдор ва мутахассисони варзида вохӯрӣ намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҷиу-ҷитсу, омодасозии варзишгарон, системаи таълим ва ҷалби оммавӣ ба ин намуди варзишро мавриди баррасӣ қарор дод.
Табодули таҷриба ва дониш дар сатҳи байналмилалӣ барои рушди минбаъдаи ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.
Диққати бештар ба он ҷалб гардид, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиу-ҷитсу на танҳо дар байни ҷавонон, балки дар байни намояндагони ҳама синну сол ва махсусан занон васеъ рушд ёфтааст.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки ҷиу-ҷитсу метавонад барои ҳама қишрҳои ҷомеа намуди варзиши дастрас ва ҷолиб бошад.
Бо назардошти ин таҷрибаи муфид президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон нақша дорад, ки ба рушди ҷиу-ҷитсуи занона ва ҷалби бештари занону калонсолон ба ин намуди варзиш диққати ҷиддӣ диҳад. Татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ метавонад ба болоравии сатҳи ҷиу-ҷитсу ва маъруфияти он дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






