ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст

Январь 4, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаромадани тармаҳо аз мавсими зимистон вобастагӣ дорад. Тармафароӣ бештар аз нимаи моҳи декабри фасли зимистон то  аввали баҳор- моҳҳои март–апрел рух медиҳад. Зеро дар ин моҳҳо бориши барф зиёд ва шароити тағйирёбии ногаҳонии ҳаво ё яхбандии шадид бештар мешавад, ки ин омилҳо ба вайрон гардидани мувозинати қабати барф ва фаромадани тармаҳо мусоидат мекунанд. Ин матлабро муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Камолиддин Назирзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

«Дар мамлакат ду истгоҳи барфу тармасанҷии «Майхӯра» ва «Навобод», инчунин як истгоҳи селсанҷии «Ҳушёрӣ» фаъолият мекунанд»,-гуфт Камолиддин Назирзода.

Истгоҳи барфу  тармасанҷии «Майхӯра» дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар мавзеи ҳамроҳ гардидани оби дарёҳои Майхӯра ва Зиддеҳ,  яъне саргаҳи дарёи Варзоб  аз соли 1963 инҷониб фаъолият дорад. Истгоҳи селсанҷии «Ҳушёрӣ» дар мавзеи Варзоб соли 1945 таъсис дода шудааст.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар шароити тағйирёбии иқлим кормандони Агентии обуҳавошиносӣ барои пешгӯӣ, огоҳии вазъи обу ҳавои мамлакат ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти саҳеҳу саривақтӣ пешниҳод менамоянд. Зеро рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маълумоти обуҳавошиносон сахт ниёз дорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ ва 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво фаъолият мекунанд.

Яке аз воситаҳои муосири расонидани маълумоти соҳавӣ- ин сомонаи расмии Агентӣ (www.meteo.tj) буда, ҳамарӯза аз тарафи мутахассисон тавассути он тағйирёбии обу ҳавои кишвар, пешгӯиҳои шабонарӯзӣ, вазъи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ сари вақт ва бо сифати баланд омӯхта шуда, пешгӯии обу ҳаво барои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва вилоятҳо, шарҳи экологӣ — ҳолати ғализшавии ҳаво дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Гулистон ва Хуҷанд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), инчунин маълумоти муфиди соҳавӣ навгонӣ шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор ва аҳолӣ пешниҳод мегардад.

Тарма ба таври ногаҳонӣ рух медиҳад- анбӯҳе аз барф аз теппаҳо ё кӯҳҳо канда шуда, бо суръати баланд ба нишебӣ ҳаракат мекунад ва дар сари роҳаш ҳар чизе аз сангу хоку дарахт, ҳайвоноту инсон мавҷуд бошад, бо худ мебарад.

Ба маълумоти мутахассисон, тарма яке аз офатҳои табиии маъмул дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ҳаёт ва моликияти мардум зарари ҷиддӣ расонад. Моро зарур аст, ки пеш аз сафар дар роҳҳои кӯҳии мамлакат аз маълумоти  вазъи ҳаво ва пешгӯии сар задани ҳолатҳои тармафароӣ, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ мунтазам пешниҳод карда мешаванд, огоҳ шавем.

Ҳангоми бориши барфи зиёд (яъне агар зиёда аз 7 сантиметр барфи тар бошад) сар задани тармафароӣ эҳтимол дорад. Агар баландии барф дар кӯҳҳо ва нишебиҳо то 20 сантиметр шавад,  хавфи фаромадани тарма ба вуҷуд  меояд.

Дар Тоҷикистон тарма асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба амал меояд. Мавзеъҳои асосии тармафароӣ минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мебошанд. Ин минтақа дорои кӯҳҳои баланд ва нишебиҳои барфпӯш буда, дар он шоҳроҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ  мавҷуд ҳастанд.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, бахусус дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисмати болоии Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хатари зиёди тармафароӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дараи Ромит, Файзобод ва Варзоб (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок), инчунин минтақаи баландкӯҳи Сангвор дорои хатари фаромадани тарма мебошанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин тармафароӣ хеле кам дида мешавад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 4, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд