ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид. Дар ин хусус 26 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода ба хабарнигорон хабар дод.
«Нақшаи чорабиниҳо дар асоси консепсияи «Барномаи давлатии пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2026–2030» таҳия карда шудааст. Бо ин мақсад дар тамоми минтақаҳои мамлакат аз ҷониби гурӯҳи кории кумита омӯзишҳо гузаронида шуданд. Аз моҳи феврали соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд», – изҳор дошт Носир Саидзода.
Ба иттилои Раиси Кумитаи телевизион ва радио, дар доираи татбиқи ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сатҳи фарогирии пахши рақамӣ дар минтақаҳои сарҳадии мамлакат, инчунин ноҳияҳои баландкӯҳ, хусусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз фарогирии пахши телевизиони рақамӣ дар ҷумҳурӣ ба 88 фоиз расидааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои тобеи марказ 88 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 71 фоиз, вилояти Хатлон — 90 фоиз ва дар вилояти Суғд 81 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон сатҳи фарогирии шабакаҳои радиоӣ, аз ҷумла Радиои «Тоҷикистон» 90 фоиз, «Садои Душанбе» 75 фоиз, «Фарҳанг» ва «Овози тоҷик» 65 фоиз арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки яке аз пешравиҳои муҳими солҳои охир гузариши пурраи телевизион ба пахши рақамӣ мебошад. Пахши рақамӣ сифати тасвир ва садоро чанд маротиба беҳтар намуда, барои мардум имкони тамошои шабакаҳои зиёдро фароҳам овардааст. Истифодаи дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими муосир имкон дод, ки мазмуну муҳтавои барномаҳо касбӣ ва ҷолиб гардад.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ҷамъбаст гардид. Татбиқи самараноки он ба рушди соҳа, бахусус телевизионҳои минтақавӣ таъсири мусбат расонид.
Дар айни замон дар мамлакат 106 шабака ва муассисаи давлатию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро барои такмили мундариҷа, навсозии соҳа ва баланд бардоштани сифати пахши барномаҳо дар
дохил ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла тавассути пахши моҳвораӣ идома хоҳад дод.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






