ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст

Январь 17, 2026 10:53

ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати олимону пажӯҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Консепсияи Конуни тамаддуни ориёиро таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» санъатшинос, доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов.

Таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ — гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар радифи дигар мавзуоти муҳими марбут ба масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихӣ-фарҳангии тоҷикон дар масири таърих, инчунин нигоҳдошту пуштибонии он дар сатҳи байналмилалӣ нуктаҳои ҷолиб баён намуданд. Махсусан дар иртибот ба нигоҳдошти арзишҳои дар масири таърих бадастовардаи тоҷикон, хусусан мероси тамаддуни мардумони ориёнажод, ки тоҷикон бевосита меросбари он мебошанд ва доир ба тамаддуни ориёӣ пешниҳод намуданд, ки дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёӣ таъсис дода шавад.

Тоҷикон-меросбари тамаддуни ориёӣ

Профессор Аскаралӣ Раҷабов афзуд, ки имрӯз дар расонаҳои хабарии кишварҳои дуру наздик таҳқиқоти зиёд чоп шуда, дар онҳо бисёр масъалаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ ба табъ мерасанд. Бо хондани онҳо маълум мегардад, ки муаллифон дар мавриди масъалаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ то андозае ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.

Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон хотирнишон намуданд, ки мо бояд ба арзишҳои фарҳангии худ бештар таваҷҷуҳ намоем ва ҳамчун меросбари ин тамаддуни бузург дар ҳифзи он масъулияти бештар дошта бошем.

Арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ — рисолати таърихӣ

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, таъсиси Конун ва дигар масъалаҳои марбут ба тамаддуни ориёӣ яке аз мавзуоти муҳим мебошад. Он ҳанӯз соли 2003 дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ гардид ва соли 2006 дар Тоҷикистон Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ эълон шуд. Сарвари давлат дар китобҳои худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Аз Ориён то Сомониён» бештар ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Соли 2006 чун Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ ботантана ҷашн гирифта шуда, дар эҳёи фарҳанги моддӣ ва маънавии ориёии тоҷикон рисолати таърихиро иҷро намуд.

Нашри таҳқиқоти илмӣ дар доираи Симпозиум оид ба тамаддуни ориёӣ

Дар доираи эълон гардидани соли 2006 Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе Симпозуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба тамаддуни ориёӣ гузаронида шуд. Дар он таҳқиқоти барҷастаи илмӣ аввалин маротиба бо номи «Арийская цивилизация в контексте евроазиатских культур» аз чоп баромад. Дар он мақолаю таҳқиқоти олимону муҳаққиқони сатҳи баланди ҷаҳонӣ нашр ва бисёр проблемаҳои мавриди назар баррасӣ гардиданд. Дар ин симпозиум намояндагони 44 давлати ҷаҳон маъруза намуда буданд.

Масъалаҳои марбут ба тамаддуни ориёӣ ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудаанд

-Хотирнишон бояд сохт, ки то ҳанӯз масъалаҳои таърихию фарҳангии мо, хусусан тамаддуни ориёӣ пурра таҳқиқ карда нашудаанд,-мегӯяд донишманди тоҷик. Президенти Тоҷикистон бори дигар ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намуданд ва ташкили Конуни тамаддуни ориёиро дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Ҳамзамон Сарвари давлат Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотиро муваззаф намуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон Консепсияи ин Конунро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Таҳқиқи амиқи масъалаҳои муҳими тамаддуни ориёӣ

“Барои таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон бояд бисёр корҳои муҳимро анҷом дод ва он дар ин замина меҳнати зиёд талаб менамояд. Хусусан мо бояд неруи пуриқтидори зеҳнию таҳқиқотиеро, ки дар равандҳои илмии гузашта ва имрӯза мавҷуд аст, омӯзем ва мавриди истифода қарор диҳем. Инчунин масъалаҳои муҳими марбут ба тамаддуни ориёии дар сатҳи ҷаҳон бамиёномадаро мо бояд дар ин Конун ва ҳамоишҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, мавриди таҳқиқи амиқ қарор диҳем”, — афзуд профессор Аскаралӣ Раҷабов.

Зарурат ба неруи пуриқтидори зеҳнии пажӯҳишӣ

Барои таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ мо бояд пажӯҳиши сарчашмаҳои муътамади хаттиеро, ки то имрӯз аз назари муҳаққиқон дур мондаанд ё он осори хаттие, ки дар осорхонаҳо, нигорхонаҳо ё марказҳои хаттии фарҳангии ҷаҳон маҳфузанд, ҷиддитар омӯзем ва дар ин Конун ҷамъоварӣ намоем, то баъдан дар сатҳи хеле баланд таҳия намуда, манзури ҷомеаи ҷаҳон гардонем. Дар ин замина дар Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ ин мавзуот дар шакли нави методологӣ –таҳқиқӣ пешниҳод шудаанд. Аз ин рӯ, барои амалӣ намудани консепсияи Конун бояд неруи пуриқтидори зеҳнии пажӯҳишие ҷамъ оварда шавад, ки тавонад дар сатҳи байналмилалӣ фикру андеша баён намояд. Тоҷикон, ки худро меросбари тамаддуни ориёӣ медонанд, ин масъаларо бояд дар сатҳи баланди таҳқиқӣ баррасӣ намоянд. Яъне, имрӯз барои таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ неруи бисёр қавии зеҳнӣ зарур аст.

Ҳифзу арҷгузории тамаддуни ориёӣ — вазифаи муҳим

Ба таъкиди олими тоҷик, барои ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ бояд бо олимону муҳаққиқоне, ки дар марказҳои машҳури пажӯҳишии ҷаҳон фаъолият доранд, дар робита бошем. Ҳамзамон бояд дар шакли муқоисавӣ-татбиқӣ аз неруи таҳқиқии онҳо истифода намоем, зеро ин чиз бисёр муҳим аст. Инчунин маводеро, ки дар давлатҳои хориҷӣ, нигорхонаҳо ва марказҳои хаттӣ мавҷуданд, ҷамъоварӣ намоем ва дар сатҳи баланд таҳия намуда, манзури ҷомеаи ҷаҳон гардонем. Мо бо ин бояд исбот намоем, ки тоҷикон воқеан меросбарони тамаддуни ориёӣ мебошанд. Аз ин рӯ, иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ дар пасманзари равандҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳон, хусусан дар шароити бархӯрди тамаддунҳо саривақтӣ ва муассир мебошад.

Баррасии ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи башарӣ

Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ дорои Оиннома мешавад, ки дар он ҳадафҳо, рисолат ва дурнамояш тасдиқ мегарданд. Инчунин дар Конун беҳтарин пажӯҳишгарон ҷамъ оварда мешаванд. Моҳи октябри соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ: аз дирӯз то имрӯз» баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки дар ин симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд масъалаҳои марбут ба таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва осори тамаддуни ориёӣ баррасӣ гарданд. Амалӣ намудани ин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки яке аз қадимтарин халқҳои бумии Осиёи Марказӣ ва меросбарони тамаддуни ориёӣ мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Январь 17, 2026 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд