Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими молияи давлатӣ яке аз ҳадафҳои калидии сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самтҳо диққати махсус дода шуда, рушди иқтисоди миллӣ ва идоракунии самараноки молияи давлатӣ ҳамчун заминаи асосии пешрафти мамлакат арзёбӣ гардид.
— Зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим- саноату кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, низоми бонкӣ, фаъолияти самараноки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат, таъсиси ҷойи нави кор ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ омили муҳимми таъмини амнияти иқтисодӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба маблағгузории имтиёзноки низоми бонкӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна вобастагии зич дорад.
Дар баробари ин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди миллӣ, молияи давлатӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, вазифаҳо барои таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар доираи ҳадафҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинигардида, дар даҳ соли охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва афзоиши чандкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, устувории буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имконияти сармоягузориро ба иқтисоди миллӣ таъмин карда тавонистем.
Мувофиқи пешниҳоди коршиносони ташкилоти молиявии байналмилалӣ, баробари тағйирёбии авзои сиёсии ҷаҳон тағйирёбии сатҳи нархҳои ашёи хоми дорои хусусияти стратегӣ дар бозорҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ зарур аст, ки бештар ба бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна ва корхонаҳои истеҳсолӣ маблағгузорӣ намоянд.
Ҳамзамон рушди бахши хусусӣ ва афзоиши ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз сиёсати муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дурнамои рушди иқтисоди миллӣ дар ҳамбастагӣ ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоду молия, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои воқеӣ, аз ҷумлаи омилҳои таъминкунандаи рушди устувор номида шуданд.
Тибқи нишондиҳандаҳо, соли 2025 Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, бахусус:
– зиёд гардидани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир 3,4 баробар, яъне аз 509 778 миллион сомонии соли 2015 то 173,0 миллиард сомонӣ дар соли 2025 ва дар ин давра ба ҳисоби миёна сатҳи рушди иқтисоди миллӣ 7,6 дарсад таъмин гардид;
– дар ин муддат аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ равона гардидани беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат;
– Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, яъне ин нишондиҳанда дар ин давра 2,7 баробар зиёд гардид;
– коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 19 дарсад дар соли 2025;
– афзоиш ёфтани даромади пулии аҳолӣ аз 26,0 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025;
– дар соли 2025 ба 22 дарсад расидани суръати рушди соҳаи саноат.
Дар назар аст, ки мувофиқи индикаторҳои мақсадноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар панҷ соли оянда ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ то 10 дарсад паст ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 дарсад афзоиш ёбад. Дар баробари ин, бояд эътибори аввалиндараҷа ба рушди иқтисоди «сабз» ва иқтисоди «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим дода шавад.
Дар ҳақиқат, яке аз омилҳои асосии таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи фаъолияти низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби ташкилоти қарзӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва маърифати молиявии шаҳрвандон ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ, сиёсати мукаммали молиявӣ, аз ҷумла сиёсати андозию буҷетӣ, қарзӣ ва такмили низоми пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Бо назардошти муҳим будани масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиёти мамлакат дар доираи ҳадафҳои миллӣ ба вазорату кумитаҳои дахлдор ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Ба андешаи мо, таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ дар заминаи рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва такмили савдои электронӣ алоқаманд мебошад, метавонад ба афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи устувор гузорад.
Новобаста аз он, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ беш аз 80,0 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, боз ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои идома додани пешниҳоди қарз бо назардошти фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ ҳаҷми қарзҳои низоми бонкиро ба иқтисодиёт ҳамасола зиёд намояд ва то охири соли 2027 ин нишондиҳандаро ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонад.
Дар айни замон Ҳукумати ҳар мамлакат бо мақсади ҳалли дурусти масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёташ сиёсати худро барои чанд соли оянда муайян менамояд. Мақсади асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумат аз инҳо иборат мебошад: таъмини рушди иқтисодиёт, таҳти назорат гирифтани таваррум ё роҳ надодан ба болоравии нархҳо, роҳ надодан ба бекории шаҳрвандон ё дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани сатҳи бекорӣ, таъмини тавозуни пардохти мусбат ё ба таври дигар таъмини барзиёд будани содирот аз воридот.
Дар баробари ин ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зиёд будани хавфҳои қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод менамоянд. Дар шароити имрӯза, сарфи назар аз дараҷаи рушди нисбӣ бахши молиявии давлат бо сабабҳои мавҷуд будани баъзе камбудиҳо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Масалан, дар мавриди саноатикунонии босуръат эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ки ин ба таъмини устувории иқтисодиёт ва рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина мегузорад, баланд будани меъёри фоизи қарзҳои низоми бонкӣ мушоҳида мегардад. Меъёри миёнавазни қарзҳои бонкҳо бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ давоми солҳои 2015-2024 ва моҳи октябри соли 2025 тавассути (диаг. 1) нишон дода мешавад.

Аз нишондиҳандаҳои диаграмма ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки фоизи қарзи бонкҳо давоми солҳои 2021 –2023 нисбат ба соли 2020 ва солҳои 2024–2025 нисбатан баланд мушоҳида мегардад. Дар баробари ин давоми солҳои 2023-2025 меъёри миёнавазни қарзҳо бо асъори хориҷӣ низ тамоюли пастшавӣ дорад. Аз ҷумла, дар даҳмоҳаи соли 2025 меъёри миёнавазни қарзҳои бонкҳо бо пули миллӣ 22,41 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 11,71 дарсадро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2021 меъёри фоизи қарз бо асъори хориҷӣ ба андозаи 1,16 фоиз пасттар мебошад.
Ҳамин тавр, яке аз омилҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мукаммали пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва истифодаи васеи рақамикунонии соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ба шумор меравад, ки пайваста аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои пешниҳоди қарз ба муштариён, танзими ҳаррӯзаи амалиёти дохилии бонкӣ, такмили низоми ҳисоботи байнибонкӣ, тақвияти низоми иттилоотӣ, яъне гирифтани маълумоти фаврӣ оид ба тағйироти амалиёти молиявиро иҷро менамояд. Ин ҷо қарзҳои низоми бонкӣ нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ давоми солҳои 2015-2024 ва октябри соли 2025 тавассути диаграммаи 2 нишон дода мешавад.

Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 2 хулоса баровардан мумкин аст, ки соли 2015 маблағгузориҳои низоми бонкӣ 9350045 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба 24557814,5 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки дар ин давра афзоиш 15207770 ҳазор сомонӣ ё бештар аз 2,62 баробарро ташкил менамояд. Танҳо дар даҳ моҳи соли соли 2025 ҳама маблағгузориҳои низоми бонкӣ ба 24225622,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 4999808,9 сомонӣ ё 25,8 дарсад зиёд мебошад.
Таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки устувории иқтисодиёти мамлакат дар заминаи сиёсати пулию қарзии мукаммал ва истифодаи васеи рақамикунонии соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ таъмин гардида, тавассути пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва маблағгузории мақсаднок ба густариши фаъолияти самараноки соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои қаблӣ низ дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳиро ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ бо мақсади ба роҳ мондани коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи нави кор ва умуман бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ супоришҳои қатъӣ медоданд.
Вобаста ба ин дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои миёнамуҳлати рушд ва дигар ҳуҷҷатҳои қонунгузории соҳавӣ диққати бештар ба истифодаи мақсадноки имконияту захираҳои молиявӣ дода шудааст. Ин имкон медиҳад, ки раванди маблағгузории низоми бонкӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ пайваста мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамзамон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар заминаи маблағгузории низоми бонкӣ таъмин гардида, ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, хусусан афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва устувории буҷети давлатӣ таъсир мерасонад.
Фарзона ҒУЛОМНОСИРОВА,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст
Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд
ПАХТАКОРӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар чанд гектар пунбадона кишт карда мешавад?
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ






