НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба гардиши кишоварзӣ 567 гектар замин ворид карда шуд

Февраль 10, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, корҳои муайян ба сомон расонид. Соли 2025  567 гектар аз ин намуди заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида ҳамчунин масоҳати заминҳои обӣ 819 гектар зиёд шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.

Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд, зеро то ҳол дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 545 гектар заминҳои партов ва 7 ҳазору 128 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуданд. Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ менамояд.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷет иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 117,8 фоизро ташкил доданд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 37398 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 2560 хоҷагии деҳқонӣ, 82 хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ, 26 885 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 504 адад дигар намуди хоҷагидорӣ, 7367 адад дигар намуди қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, истифодабарандагони замин бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардиданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд