35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан то имрӯз беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти мабуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи бисёрвазифаии «Роҳи абрешим», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи нур» сохта мешавад, аз ҷумлаи чунин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Ин маҷмаа аз 18 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳаи ҷолибу муосир бо назардошти шароити маҳаллӣ ва анъанаҳои миллӣ бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа, дар ду қабати таҳхона таваққуфгоҳ барои 100 нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум гипермаркет сохта мешавад, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хизмат мерасонад. Дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯш ва қаҳвахонаҳо ташкил хоҳанд шуд.
Дар ошёнаи сеюм маркази варзишию солимгардонӣ бунёд мегардад, ки дорои толорҳои машқу тамрин барои 100 нафар дар як вақт, SPA бо ҷойгиркунии ҳавзҳои шиноварӣ бо дарозии 25 ва 12 метр, ҳаммомҳои туркӣ, финӣ ва русӣ, инчунин толорҳои умумии дамгирӣ бо имкони қабули 80 нафар хоҳад буд.
Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ошёнаи 17-уми маҷмаа бунёди меҳмонхонаи замонавии чорситорадор бо 52 ҳуҷра мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи болоии маҷмаа тарабхонаи муосир барои 104 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, аз ошёнаи 5 то 16 сохтмони 116 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ дар назар аст.
Баъди ба истифода додани маҷмаа 250 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
АКС: Хадамоти мабуоти Раиси вилояти Суғд








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






