35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд

Февраль 8, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёду навсозии якчанд иншооти иҷтимоӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд.

Дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Гулхона бо саҳми сокинон сохтмони кӯдакистони замонавии дуошёна барои 120 кӯдак идома дорад. Дар назди он таъсиси майдончаи бозии кӯдакона ва инфрасохтори ёрирасон пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Гулхона бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим бунёди Қасри варзишии «Паҳлавонони Суғд» ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ инчунин таъмири пурраи шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия анҷом ёфта, муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид. Сохтмони маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким» дар шаҳраки Меҳробод идома дошта, дар он шуъбаҳои ташхису ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд.

Корҳои ободонӣ дар ноҳия бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон идома дошта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Февраль 8, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд