54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт

Февраль 24, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар озмун донишҷӯён аз тамоми факултетҳо аз рӯйи чор номинатсия — адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти бачагону наврасон ва осори шифоҳӣ маҳорат санҷиданд. Аз 120 иштирокчӣ 54 нафар ба даври муассисавии озмун роҳхат гирифта, беҳтаринҳо барои иштирок дар даври шаҳрӣ пешниҳод гардиданд.

Иброз гардид, ки озмун бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, имрӯз ба ҳаракати фарогири фарҳангӣ табдил ёфтааст. Тавассути чунин иқдом сатҳи маърифати ҷавонон боло рафта, муҳаббати онҳо ба китобу китобхонӣ таҳким меёбад.

Гуфта шуд, ки иштирокчиёни озмун на танҳо китоб мутолиа мекунанд, балки онро таҳлил ва баррасӣ намуда, андешаҳои худро бо далелу асос иброз медоранд ва маҳорати суханварии худро такмил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи иштирокчиён бо низомномаи нави озмун шинос гардида, таҳти роҳнамоии омӯзгорон омодагии ҷиддӣ мебинанд. Озмун на танҳо мусобиқаи адабӣ, балки мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва рушди зеҳнӣ барои ҷавонон маҳсуб шуда, дар тарбияи насли китобдӯсту донишманд саҳми арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳаштум аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ ин ташаббус сол ба сол густариш ёфта, доираи иштирокчиён бештар мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 24, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд