Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод

Февраль 18, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2025 ба 483,9 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Дар ин хусус  17 феврал зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода  бо  Раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии шаҳри Теҳрон Маҳмуд Наҷафи Араб иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаи сохтмон ва дорусозии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо оид ба ташкили миссияҳои соҳибкорӣ, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ табодули назар карданд.

Зимни вохӯрӣ доир ба фазои сармоягузорӣ ва имконияти мавҷуда дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардида, соҳибкорони эронӣ даъват шуданд, ки дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалие, ки соли 2026 дар Тоҷикистон доир карда мешаванд, иштирок намоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд