Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд

Февраль 11, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон ва соҳибкорон қатъиян талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо (энергетикҳо) нафурӯшанд. Тибқи талабот, фурӯши ин гуна маҳсулот танҳо ба шахсони аз 18-сола боло иҷозат дода шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.

Ба иттилои Агентӣ, солҳои охир истифодаи нӯшокиҳои руҳафзо (энергетикҳо) дар байни ҷавонон ва наврасон хеле маъмул гаштааст. Бисёриҳо онҳоро барои бартараф кардани хастагӣ, зиёд кардани қувва ва болидаруҳӣ истифода мебаранд. Аммо на ҳама медонанд, ки истеъмоли ин гуна нӯшокиҳо метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад.

«Яке аз истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои руҳафзо (энергетикӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арк саноат» ба ҳисоб меравад, ки бо тамғаи «PANTERA» ин гуна нӯшокиҳоро истеҳсол ва ба фурӯш мебарорад. Дар асоси аудити инспексионии ғайринақшавии кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба иҷрои талаботи СТ ҶТ 1098-2012 «Талабот оид ба истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳалол» дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арк саноат» муайян карда шуд, ки дар раванди истеҳсолоти корхона одитарин қоидаҳои санитарӣ ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ риоя карда намешавад», -иттилоъ доданд аз Агентӣ.

Ҳамчунин ҳам истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва ҳам истеҳсоли нӯшокиҳои алкоголӣ дар як раванди технологӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, тамғаи «Ҳалол», ки ба маҳсулоти ин ширкат, яъне нӯшокиҳои руҳафзои «PANTERA» дода шуда буд, бекор гардид. Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчунин нисбат ба ҳолати мазкур корбарӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз бесифат истеҳсол шудани номгӯи маҳсулот шаҳодат медиҳад. Гарчанде истеъмоли нӯшокиҳои руҳафзо маҳдуд бошад ҳам, вале аз тарафи ширкати истеҳсолкунанда раванди мазкур дар тамғакоғаз дарҷ нагардидааст.

«Тамғаи ҳалол доштани маҳсулот маънии онро надорад, ки кӯдакону наврасон аз он васеъ истифода кунанд. Нӯшокиҳои руҳафзо барои одамони калонсол дар як рӯз як адад муайян карда шудааст, вале тавре мушоҳида мешавад, кӯдакону наврасон низ аз он истифода менамоянд», — таъкид намуданд дар Агентӣ.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Февраль 11, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад