Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»

Февраль 14, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки дар асоси мактуби хаттии ширкати «DANONE» истеҳсолкунандаи маҳсулот зери тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка», инчунин муроҷитаи расмии ширкати воридкунанда Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рушон» якчанд маҳсулоти марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» аз муомилот бозхонд ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.

Вобаста ба ин Агентӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки аз марҳилаи маҳсулоти ширии кӯдаконаи ширкати «DANONE» бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка», ки дар рӯйхати зер нишон дода шудааст: NUTRILON PREMIUM 1400 гр партияҳои 20261119, 20260808; NUTRILON PREMIUM 2400 гр партияҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222; NUTRILON PREMIUM BIG 1600 гр партияҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210; NUTRILON PREMIUM BIG 2600 гр партияҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230; MALYUTKA 1 GOLD 600 гр партияҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230; MALYUTKA 1 GOLD 300 гр марҳилаҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107 истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидорӣ кардаанд, бозпас гардонанд.

Тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи «DANONE», дар таркиби марҳилаи муайяни маҳсулоти мазкур вуҷуд доштани токсини сереулид эҳтимол дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки бинобар тавсияҳои таҳаввулёбандаи Идораи бехатарии озуқавории Аврупо ва ҷиҳати риояи пурраи принсипҳои эҳтиётӣ ширкати истеҳсолкунанда тасмим гирифт, ки бозхонди ихтиёрӣ ва пешгирикунандаи маҳсулотро дар марҳилаи мазкур ба роҳ монад.

Дар робита ба ин, кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» бо намояндагони ширкати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушон», ки воридкунандаи маҳсулоти «Нутрилон» ва «Малютка» ба мамлакат мебошад, кор бурда, миқдори зиёди маҳсулоти мазкурро аз муомилот гирифтанд.

Қатъи истифода ва фурӯши маҳсулоти ширкати «DANONE» бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» танҳо ба партияи маҳсулоти зикршуда марбут мебошад.

Шаҳрвандон метавонанд аз дигар партияи истеҳсолшудаи ин маҳсулот харидорӣ ва истифода намоянд.

Тасмими ширкат ба хотири ҳимояи беҳдошти мардум буда, аз шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон хоҳиш менамояд, ки барои бозпасгардонидани марҳилаи ин маҳсулот ба рақамҳои зерин: — шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ: +992 934444899, +992 939998153, вилояти Суғд: +992 934444899, вилояти Хатлон: +992 934444899, +992 9388004954 тамос гиранд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Февраль 14, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд