АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хабар доданд.
Дар оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои муассиса ба ифтихори рӯзи Артиши миллӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳайати кафедраи ҳарбии Донишкада дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои кафедраро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуд. Ҳамзамон кафедраҳои тахассусии муассиса ва дигар сохторҳои донишкада гӯшаҳои алоҳида ташкил намуданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии ҷумҳури нақши калидӣ доранд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи марзу буми мамлакат аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардид. Инчунин ба як зумра хизматчиёни ҳарбӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда дар таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, рушди соҳаи варзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






