Асарҳои рассомони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» дар Ҷопон баҳои баланд гирифтанд
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 январ то 1 феврали соли 2026 дар Маркази миллии санъати шаҳри Токиои Ҷопон бо иштироки рассомон ва мактаббачагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз-2026» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.
Бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон эҷодиёти мактаббачагони Тоҷикистон дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» муаррифӣ гардида, кори онҳо ба намоиш гузошта шуд. Мактаббачагони тоҷик дар мавзуъҳои Ватан, фарҳанг, табиат ва манзараҳои зебои Тоҷикистон, анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва Тиргон асарҳо офариданд.
Иброз гардид, ки корҳои пешниҳоднамудаи мактаббачагони Тоҷикистон аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ ва Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии SUMI Тоҳун Кобаяшӣ баҳои баланд гирифта, иштирокчиён бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии SUMI Тоҳун Кобаяшӣ аз иштироки фаъолонаи мактаббачагони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои мусоидат дар баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» ба ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар ҳошияи баргузории намоишгоҳ дар Маркази миллии санъати шаҳри Токиои Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид. Дар он таърих ва тамаддун, фарҳанг, кандакорӣ, китобҳо, либос ва асбоби мусиқии миллии тоҷикӣ, инчунин имконияти сайёҳӣ ва фароғатии мамлакат ба иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ карда шуд.
Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии SUMI Тоҳун Кобаяшӣ зимни мусоҳиба изҳор дошт, ки баргузоркунандагони Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» асарҳои рассомонро аз саросари ҷаҳон бо ифтихор ҷамъ оварда, саҳми рассомони Тоҷикистонро махсусан арзишманд арзёбӣ мекунанд.
Ба андешаи ӯ, таърихи мубодилаи фарҳангӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон, ки реша дар Роҳи Абрешим дорад, имрӯз низ аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Ин робитаи таърихиро ҳатто дар нақш ва услуби баъзе асарҳои пешниҳодшуда эҳсос кардан мумкин аст, ки аз ҷиҳати бадеӣ ба намунаҳои ганҷинаҳои ёфтшудаи Шосоин шабоҳат дошта, эҳсоси наздикӣ ва пайванди фарҳангӣ ба вуҷуд меоранд.
Тоҳун Кобаяшӣ ҳамчунин аз асарҳои рассомии кӯдакони тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки онҳо муҳаббати амиқ ба табиат ва Ватанро инъикос мекунанд. Манзараҳои нотакрори табиии Тоҷикистон дар корҳои кӯдакон бо нозукбинӣ ва эҳсоси гарму самимӣ тасвир ёфтаанд.
Иброз гардид, ки бо пешрафти техника ва рушди интернет мардумони кишварҳои гуногун ба ҳам наздиктар мегарданд. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки мактаббачагони зиёд аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон асарҳояшонро ба намоишгоҳ ирсол намоянд. Президенти Ассотсиатсияи SUMI иштироки фаъоли наврасони боистеъдоди тоҷикро дар чорабинии мазкур нишонаи рушди санъати тасвирӣ ва эҷодиёти кӯдакон дар мамлакат арзёбӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон


















Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






