Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид

Февраль 23, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «UTK International Logistics Co. Ltd» 17 феврал аввалин қатораи контейнерии озмоиширо дар хатсайри ЧинТоҷикистон ба ҳаракат даровард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Корхонаи муштараки «UTK International Logistics Co. Ltd», ки дар Чин бо иштироки ҶДММ «Узтемирйулконтейнер» таъсис ёфтааст, аввалин қатораи контейнерии озмоиширо муваффақона аз Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод. Лоиҳаи мазкур дар доираи татбиқи созишномаҳо оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо, ки соли 2025 дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон  ба имзо расидаанд, амалӣ гардид.

Қатора аз 8 контейнери чилфутӣ (1 фут баробари 0,3 метр) иборат аст, ки ба онҳо молҳои мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмонӣ бор карда шудаанд. Қатораи вагонҳо аз истгоҳи Ланчжоу, музофоти Гансуи Чин ҳаракат намуда, тавассути  хатсайри «Чин –  Қирғизистон – Узбекистон – Тоҷикистон» то ба истгоҳи роҳи оҳани  «Душанбе-2»-и Тоҷикистон роҳ мепаймояд. Дарозии умумии хатсайр зиёда аз 3 500 километрро ташкил дода, вақти интиқоли бор 18-20 рӯзро дар бар мегирад.

Бо дастгирии ҶДММ «Узбекистон темир юллари»  («Роҳҳои оҳани Узбекистон») оид ба ташаббусҳои бахши логистикӣ дар ин хатсайри мултимодалӣ имтиёзҳои тарифӣ муқаррар карда шудаанд. Татбиқи ин лоиҳаи озмоишӣ ба омодагии амалии ширкат барои ташкили интиқоли контейнерҳои устувор ва мунтазам дар самти «Чин – Осиёи Марказӣ» нигаронида шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд