Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид

Февраль 16, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати молия 102  лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» таҳия гардидааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод.

Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки лоиҳаи ин санадҳо бо мақсади тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ ва мукаммал намудани қонунгузории андоз, инчунин коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ё пинҳонӣ таҳия шудаанд. Аз санадҳои таҳиянамудаи вазорат 65 адади он бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Ҳамзамон бо мақсади бархурдор гардидани шумораи бештари шаҳрвандон аз муқаррароти қонунгузории андоз ва талаботи Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва санадҳои дар доираи он қабулгардида 6 ҳазор маводи таблиғотӣ ба чоп расонида шуд. Он барои истифодаи васеъ ба ширкатҳои авиатсияи гражданӣ ва муассисаҳои давлатии ба хизматрасонии муздноки давлатӣ машғул дастрас карда шуд.

Дар баробари ин бо иштироки мутахассисони дахлдори Вазорати молия 5 маротиба тавассути эфири шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ гузоришу мусоҳибаҳо пахш шуда, инчунин дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук маҷмуан 11 маводи таблиғотӣ нашр гардид.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд